7 январи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан маросими муаррифии раиси шаҳр баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сӯҳбат бо фаъолону роҳбарони сохторҳои давлатӣ иттилоъ дод, ки мутобиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Истаравшан озод гардида, Қодирӣ Абдусаттор Ғаффорзода ба вазифаи раиси шаҳри Истаравшан таъин карда шудааст.
Зимни муаррифӣ зикр гардид, ки Қодирӣ Абдусаттор Ғаффорзода дар солҳои фаъолияти худ дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ, аз ҷумла ҳамчун муовин ва раиси Ҷамоати деҳоти Гули Сурх, инчунин муовини якуми раиси шаҳри Истаравшан кор карда, ҳамчун кадри соҳибтаҷриба ва масъулиятшинос шинохта шудааст.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки Адҳам Маъмурзода дар давраи роҳбарияш дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр саҳми арзанда гузошта, минбаъд фаъолияти худро ба ҳайси мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа идома медиҳад.
Раиси вилояти Суғд ба Адҳам Маъмурзода дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбиҳо орзу намуд.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Истаравшан Ғайрат Нуруллозода таъин карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь