8 январи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо фаъолон ва намояндагони соҳаҳои гуногуни шаҳр иттилоъ дод, ки мутобиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳоваддин Баҳодурзода бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Исфара озод гардида, Шарифҷон Ҷумазода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъин карда шуд.
Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки Шарифҷон Ҷумазода 26 августи соли 1982 таваллуд шудааст.
Фаъолияти меҳнатии ӯ аз соли 2004 оғоз ёфта, солҳои 2004–2005 ба ҳайси мутахассиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, солҳои 2005–2007 сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд, солҳои 2007–2010 сармутахассиси шуъбаи назорати дастгоҳи раиси вилояти Суғд фаъолият намудааст.
Минбаъд солҳои 2010–2011 вазифаи мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд, соли 2011 муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд ва солҳои 2011–2013 роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғдро ба уҳда дошт. Солҳои 2013–2016 ӯ ба ҳайси мудири котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Солҳои 2016–2022 Шарифҷон Ҷумазода дар вазифаи раиси шаҳри Ҳисор кор намуда, солҳои 2022–2026 раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба Баҳоваддин Баҳодурзода дар корҳои минбаъдааш барори кор хоста, ба иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара дар иҷрои масъулияти давлатӣ муваффақият орзу намуд ва таъкид кард, ки фаъолияти роҳбарияти шаҳр бояд ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон равона карда шавад.Муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба Баҳоваддин Баҳодурзода дар корҳои минбаъдааш барори кор хоста, ба иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара дар иҷрои масъулияти давлатӣ муваффақият орзу намуд ва таъкид кард, ки фаъолияти роҳбарияти шаҳр бояд ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон равона карда шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь