8 январ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни мулоқот бо фаъолон ва роҳбарони сохторҳои ноҳия иттилоъ дод, ки мутобиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2026 Нусратулло Салимзода бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озод гардида, Темурҷон Нумонзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин шуд.
Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки Темурҷон Нумонзода 1 марти соли 1984 ба дунё омада, хатмкардаи Академияи муосири гуманитарии шаҳри Москваи Федератсияи Русия буда, соли 2016 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Ҳамчунин соли 2019 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси геоэколог ба анҷом расонидааст.
Фаъолияти меҳнатии Темурҷон Нумонзода соли 2004 оғоз ёфтааст. Солҳои 2013–2016 дар вазифаи сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, солҳои 2016 – 2020 дар вазифаи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд кор кардааст.
Аз соли 2020 то январи соли 2026 Темурҷон Нумонзода дар вазифаи раиси ноҳияи Спитамен кор карда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2026 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба Нусратулло Салимзода дар фаъолияти минбаъдааш барори кор таманно карда, ба иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия супориш дод то ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ба татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь