Адиби соҳибному маъруф, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо дар синни 83 аз дунё гузашт ва бо рафтани худ дар майдони адабиёти тоҷик холигоҳе ба вуҷуд овард.
“Аз баракати қалами эшон ҳикояву қисса, романҳо ва қаҳрамонони зиёди мусбату манфии хотирмон дар хони насри муосири тоҷик ба ёдгор монд” – навиштааст дар саҳифааш, дар шабакаи иҷтимоӣ нависандаи шинохта Абдулҳамиди Самад.
Равони Устоди бузурги соҳибдил шод, ва хонаи охираташон обод бод! “Фараҳ” ба дустону пайвандон ва ҳаводорону мухилисони эшон ҳамдардӣ изҳор менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь