9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот бо саҳми сокинон ва соҳибкорони саховатпешаю ватандӯст сохта шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншооти мазкур соли 2021 оғоз гардида буд.
Муассисаи нави соҳаи маориф имкони дар беҳтарин шароит ба таҳсил фаро гирифтани насли ояндаи миллатро дорад. 20 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш барои 1056 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь