Дар рӯзи дуюми сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-ро мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорони ватандӯст бунёд гардида, дорои шароити муосири таълиму тарбия мебошад.
Муассисаи навбунёд барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои 4 синфхонаи ибтидоӣ, 5 синфхонаи фаннӣ, 1 синфхонаи компютерӣ, 3 синфхонаи умумии таълимӣ, ҳуҷраи кории омӯзгорон ва китобхона мебошад, ки дар онҳо имконоти ҳозиразамон ва лавозимоту аёнияти таълимӣ муҳайё гардидааст.
Дар китобхонаи муассиса беш аз 1500 адабиёти илмию бадеӣ маҳфуз аст ва хонандагон бо китобҳои дарсии нав таъмин гардидаанд.
Иштироки хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89 дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ назаррас буда, соли 2024 як хонандаи он дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардидааст.
Синфхонаи таълими меҳнат барои духтарон бо 8 дастгоҳи дӯзандагӣ таъмин гардида, дар доираи маҳфили дохилимуассисавии “Дастони моҳир” ба духтарон ҳунарҳои дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, муҳрабофӣ ва пазандагӣ омӯзонида мешавад. Дар синфхонаи таълими меҳнат барои писарон дастгоҳҳои пармакунии чубу оҳан, суфтакунии тахта, челонгарӣ, арраи барқӣ ва олоти кандакорӣ дастрас карда шудааст.
Дар иншооти навбунёд системаи ягонаи гармидиҳӣ мавҷуд буда, дар фасли зимистон синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои кории муассиса бо гармӣ таъмин карда мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь