26 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №152-ро ба истифода доданд.
Иншооти мазкур дар доираи таваҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари давлат ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин бунёд гардид.
Ифтитоҳи иншооти нави соҳаи маориф дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва соли нави таҳсил барои хонандагон ва сокинони шаҳри Ваҳдат, ҳамчун туҳфаи арзишманд арзёбӣ шуд.
Бинои муассисаи таълимӣ аз се ошёна иборат буда, барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №152 соли 2020 оғоз гардида, дар асоси лоиҳа мутобиқ ба талаботи муосир дар масоҳати 4 ҳазору 447 метри мураббаъ бунёд гардид.
Бинои муассиса дорои 53 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш, аз ҷумла 7 кабинети фаннӣ аст.
Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, таълими меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, инчунин синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ ва лингафонӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон заминаи мусоид мениҳад. Вобаста ба талаботи муосир муассиса дорои зиёда аз 42 компютери пайваст ба шабакаи байналмилалии интернет аст.
Озмоишгоҳҳои фаннӣ ва китобхона бо теъдоди 10 ҳазор нусха адабиёт, аз ҷумла, 1500 китоби дарсӣ барои рушди ҷаҳонбинии хонандагон шароит фароҳам меорад.
Муассисаи таълимӣ, ҳамчунин дорои толори маҷлис бо 426 курсӣ ва ошхона дорои 120 ҷойи нишаст ва ҳавзи нигоҳдории об мебошад.
Дар иншооти наву замонавӣ толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзишӣ бо 116 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол сохта шудааст.
Дар иншооти наву замонавӣ барои инкишофи зеҳнӣ кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудан ба бозиҳои гуногуни шавқовар низ шароити хуб фароҳам овардаанд. Дар муассисаи таълимӣ 140 омӯзгор бо кор таъмин мешаванд.
Илова бар ин, муассисаи таълимӣ дар фасли зимистон тариқи буғхонаи алоҳидаи марказонидашуда бо гармӣ таъмин аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь