1 августи соли 2025 дар шаҳри Исломобод маросими расмии гусели гурӯҳи гардишгарони мотосиклрони Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон хабар доданд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, Идораи Сарвазири кишвари иқомат, Вазорати ҳамоҳангсозии байниминтақавӣ, Идораи рушди сайёҳии Покистон ва дигарон иштирок карданд.

Сафари мазкур дар асоси мувофиқаҳои дар чорчӯби сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон ҳосилшуда бо мақсади муаррифии сайёҳии фаромарзӣ, дӯстии минтақавӣ, табодули фарҳангӣ тавассути қаламрави Покистон -Афғонистон — Тоҷикистон ва Узбекистон доир мегардад.

Кордори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон дар Покистон Саидҷон Шафизода таъкид дошт, ки Тоҷикистон имкониятҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва саёҳатии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ муҳим меҳисобад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон алоқаманди таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ бо Покистон аст.

Иброз гардид, ки дар доираи сафарҳои сатҳи олӣ ва баланд масъалаи дастрасӣ ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва бандарҳои ҷаҳонӣ, хусусан роҳҳо ва бандарҳои обии Покистон, ки он ду кишвари дӯстро тавассути роҳҳои мошингарду оҳан ба ҳам мепайвандад, дар мадди аввал аст.

Зимни мулоқоти намояндаи Сафорат бо Ҳамоҳангсози Сарвазири Покистон аз ҳамкории пайвастаи Тоҷикистону Покистон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь