Додгоҳи ноҳияи “Октябр” – и Петербург, чор марди 19- то 20-соларо барои ду моҳ ба зиндон фиристод. Сухан дар бораи Степан Мирошин, Сами Павлов, Рустам Худойқулов ва Владислав Яковлев меравад
Се нафари аввалро дар кӯшиши рабудани футболбоз Андрей Мостовой ва ҳамаи чор нафарро дар ғоратгарӣ ва рабудани домоди вакили Думаи Давлатӣ, соҳибкор Сергей Селеген айбдор мекунанд.
Ҷавонон мегӯянд, ки онҳоро тавассути Telegram киро кардаанд, ки нисфи маблағро барои “ҷазо” – и фурӯшандагони маводи мухаддир ваъда кардаанд.
Шаби 23 октябр дар кӯчаи Крестов кӯшиши рабудани Мостовойро карданд, аммо ӯ тавонист пинҳон шавад ва ба пулис хабар диҳад. Пас аз ду рӯз, ҳамон ҳамлагарон дар кӯча Сергей Селегенро дастбанд карда ба мошин тела доданд ва 10 миллион рубл талаб карданд.
Соҳибкор тавонист 210 ҳазор рублро интиқол диҳад. Баъд аз ин ӯ бо оилааш тамос гирифт ва пулис аз ин ҳодиса хабар ёфт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь