Аз ҷониби кормандони бозрасии милитсияи пойтахт, Хисрави Рустам-ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Тайота”, рақамҳои қайди давлатмаш 0010YY10, Бозорова Миҷгона-ронандаи “Хундай”, рақамҳои транзитиаш М3668Т07 ва Ашуров Саймухтор-ронандаи “Лексус”, рақамҳои давлатиаш 0002PU01, боздошт гардиданд.
Дар натиҷаи санҷиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ муайян гардид, ки номбурдагон бе иҷозатномаи махсуси сиёҳшиша ба идора намудани воситаи нақлиёт машғул мебошанд.
Вобаста ба ин, нисбати онҳо бо моддаи 330 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташон ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардид.
Блоки рекламавӣ



