Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино, ҳамчун гумонбар дар содир намудани шумораи зиёди ҷиноятҳои дуздӣ аз дохили воситаҳои нақлиёт, шаҳрванд Руденко Николай соли таваллудаш 1991-ро, дастгир намуданд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда қаблан се маротиба барои содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ суд шудааст.
Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки дастгиршуда Руденко Николай дар содир намудани беш аз 25 далели ҷиноятҳои дуздӣ ва ғайриқонунӣ идора карда бурдани воситаҳои нақлиёт гумонбар дониста мешавад.
Айни замон номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ тибқи талаботи моддаҳои 244 ва 252 Кодедекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Бори дигар аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки ҳеҷ гоҳ дар дохили воситаи нақлиёти худ маблағҳои пулӣ, телефонҳои мобилӣ, ҳуҷҷатҳо ва дигар ашёҳои арзишмандро нагузоранд.

Мошиндузд ба даст афтод
Блоки рекламавӣ


