Владимир Зеленский, Президенти Украина, барои фурӯ нишондани хашми ҷомеа аз моҷарои ришвахорӣ дар бахши энергетикии кишвараш, ваъда дод, ки “ислоҳоти асосӣ ва фаврӣ” сурат мегирад. Ин моҷаро яке аз дӯстони қадимӣ ва шарики собиқи тиҷоратии ӯро низ дарбар мегирад.
Зеленский рӯзи 15-уми ноябр гуфт, мудирони се ширкати бузурги давлатӣ дар соҳаи энергетика барканор ва басуръат ҷойгузин мешаванд ва дигаргунии бештаре дар рӯзҳои оянда дар назар аст.
Идораи зидди фасоди молӣ дар Украина ҳафтаи гузашта аз “амалиёти густарда” хабар додааст. Бино ба изҳороти масъулони ин ниҳод, дар миёнаи ҷанги Русия алайҳи Украина фасод дар бахши энергетика сурат гирифтааст ва сухан дар бораи даҳҳо миллион доллар меравад.
Дафтари миллии мубориза бо фасод дар Украина гуфт, “ин тарҳ шомили як созмони ҷиноии сатҳи болост”, ки ҳадафи он “таъсиргузорӣ бар ширкатҳои стратегии давлатӣ, бавижа ширкати “Энергоатом” мебошад”. Вебсайти “Политико” ҳам аз қавли як мансабдори Иттиҳоди Аврупо навишт, ки фасоди матраҳшуда дар ин таҳқиқот “нафратангез” аст ва обрӯи Украинаро дар назди ҳампаймонҳои байналмилалиаш мерезад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь