Ба ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аризаи марди 40-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст.

Аз рӯи ариза маълум мешавад, ки шашуми декабри соли 2023, дар кӯчаи Раҳимови ноҳияи И.Сомонӣ марди 37-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш медарояд. Хонаи истиқоматиашро дар масоҳати 91,7-метри мураббаъ ба маблағи 90 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда мегирад. Ваъда медиҳад, ки маблағро баъд аз як сол медиҳад. Вале то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад – хабар додааст Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилаи кишвар.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь