Барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шаҳрвандон Сироҷов Шердил, Алаев Манучеҳр, Аюбов Ҷовидон ва Ҳабибов Муқимҷон дастгир карда шуданд.
Номбурдагон дар маркази дилхушии “Dream” бо ҳамдигар муноқиша намуда, оромии шаҳрвандонро халалдор сохтаанд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки Сироҷов Шердил (фарзанди писари молики собиқи бозори “Ҷалҷам” Асадулло Сироҷов) мунтазам дар марказҳои дилхушӣ муноқиша ташкил намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон мекардааст. аст. Нафари дигар Ҷовидон Аюбов, писари Зафар Аюбӣ овозхони тоҷик будааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати номбурдагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбати Сироҷов Ш., ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз ва нисбати се нафари дигар ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.
Ҳамзамон, бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ, оид ба дигар кирдорҳои ҷиноятии номбурдагон, маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь