18-уми декабри соли 2025 марди 39 ва ҷавонзани 23-солаи сокинони ноҳияи Фархор, аз терминали мусофиркашонии шаҳри Душанбе бо мақсади ба ноҳияи Фархор омадан ҳамчун мусофир тавассути автомашинаи мусофиркашонӣ сафар мекунанд.
Марди 39-сола, ки дар ҳолати мастии дараҷаи сабук қарор дошт дар роҳ бо ҷавонзани 23-сола дастдарозӣ карда кирдорҳои номатлубро содир намудааст.
Ҷавонзани 23-сола дар мавзеъи Уртабузи ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор аз автомашина фаромада, ба автомашинаи шавҳараш марди 29-солаи сокини ноҳияи Фархор, тамғаи “Опел-Астра”, ки дар канори роҳи автомашинагард интизораш буд, савор шуда, ба шавҳараш марди 29-сола аз воқеъаи нисбаташ анҷомдодаи марди 39-сола хабардор мекунад.
Марди 29-сола аз шунидани ин суҳанҳои оилааш ба ғазаб омада, бо мақсади расонидани зарари ҷисмонӣ ба марди 39-сола аз роҳаш баргашта автомашинаи мусофиркашонии болозикршударо думболагирӣ намуда, дар мавзеъи Уртабуз автомашинаи мусофиркашониро боздошта, бо корд 4 маротиба ба узвҳои гуногуни бадани марди 39-сола қасдан зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.
Дар натиҷа, ҷабрдида мувофиқи санади судӣ-тиббӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 110 Крдекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь