Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди чилсола ва зани шастудусолаи сокинони шаҳри Хуҷанд, якуми октябри соли 2025 ба назди ҷавони 23-солаи сокини шаҳри мазкур омаданд.
Охиронро бо воситаи автомашинаи худ ба маҳаллаи сеюми шаҳри Хуҷанд дастрас намуда, гӯё бо сабаби он, ки номбурда бо наберааш, духтарбачаи понздаҳсолаи сокини ҳамин шаҳр алоқаи ҷинсӣ намудааст, ӯро мавриди лату кӯб қарор доданд. Бо роҳи зӯрорварӣ ва ошкоро аз дасти ӯ телефони мобилии тамғаи «Хонор» ва шиносномаи миллиашро тасарруф намуданд. Инчунин барои бадном кардани набераашон 300 ҳазор сомонӣ талаб намуданд, ки гумонбаршавандагон ҳангоми қабул намудани маблағи пулӣ ба миқдори 40 ҳазор сомонӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд дастгир карда шуданд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар додааст.



