21 сентябр дар шаҳри Теҳрон нахустнамоиши филми бадеии «Моҳӣ дар шаст» баргузор шуд. Ин филм нахустин лоиҳаи муштараки «Довфилм», Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва ширкатҳои маъруфи эронии «IFilm» ва «30CUP» аст. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар додаанд.
Дар маросими рӯнамоӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Созмони садо ва симои Эрон Паймони Ҷабалӣ, инчунин таҳиягарон ва гурӯҳи эҷодии филм ширкат доштанд.
Коргардон ва таҳиягари филм Муҳиддини Музаффар буда, филмномаро Бахтиёр Каримов навиштааст.
Филм пурра дар пасманзари табиати зебои Тоҷикистон сабт гардида, садобардорӣ, танзим ва оҳангсозии он дар Эрон анҷом ёфт. Оҳангсози филм яке аз бастакорони маъруфи Ҷумҳурии Исломии Эрон Фардин Халъатбарӣ буд. Ораш Қосимӣ — садогузор, Имоди Худобахш — танзимгар, Амири Тоҷик ва Муҳиддини Музаффар таҳиягарони филм.
Дар нақшҳои марказӣ Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ, Абдулло Абдураҳимзода, Шаҳло Раҳимӣ, Исфандиёр Ғуломов, Моҳпайкар Ёрова, Асалбек Назриев ва Асланшо Раҳматуллоев нақш бозидаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь