Рӯзи 14-уми октябр дар Душанбе бори нахуст филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” ба намоиш гузошта мешавад.
Ин намоиш маҳдуд буда, танҳо барои рӯзноманигорон пешбинӣ шудааст. Вуруд бо даъватнома аст.
Бояд зикр кард, ки ин нахустин филми муштараки “Довфилм”, “Тоҷикфилм” ва ширкатҳои маъруфи эронии IFilm ва 30CUP мебошад. Дар рӯнамоии маҳдуд намояндагони кишвари Эрон низ ширкат мекунанд.
Рӯзноманигорон метавонанд пас аз нахустнамоиши “Моҳӣ дар шаст” бо коргардон ва дигар дастандаркорони филм саволу ҷавоб кунанд.
Филм нахустин ҷоизаи байналмилалии худро рӯзи 8-уми октябр аз Эрон ба даст овард. Аз ин пеш Шоҳҷоизаи ҷашнвораи миллии “Тоҷи Сомон”-ро соҳиб шуда буд.
Замон: 14-октябр, соати 18:30
Макон: Кинотеатри Кайҳон, Ашан.
Блоки рекламавӣ



