Дар деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 пул сохта, 16 километр роҳҳои маҳаллӣ сохта шудааст.
Тавре дар маросими ифтитоҳи боз як пули нав дар арафаи ҷашни 34- солагии истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Сор ба раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иттилоъ дода шуд, ин пул бо дарозии 6 ба 4 метр бо харҷи 68 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Бахтиёр Адҳамов бо иштироки сокинони деҳа сохта шудааст.
Дар деҳаи Пуштакӯҳ бошад, бо ташаббусу маблағгузории Ҳамза Аъзамов ва ҷалби сокинон 400 метр роҳи байни деҳа бетонпӯш карда шудааст.
Ҳоло бошад сокинони маҳаллаи нави деҳаи Ғезани поён ба ду километр роҳи байни деҳа қум кашидаанд ва барои мумфарш намудани он омодагӣ мегиранд. То охири сол ҳамчунин чор километр роҳу кӯчаҳои деҳаи Сор барои мумфарш намудан омода карда мешавад.
Тавре шарҳ дода шуд, бунёди пулҳо ва мумфарш намудани роҳу кӯчаҳои деҳаҳо бо ташаббуси фаъолон ва саҳмгузории ҷавонон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, амалӣ карда шудааст.
Танҳо соли равон бо саҳмгузории ҶДММ “Канзи диёр”, ки дар ҳудуди деҳоти Моғиён бунёди коргоҳи коркарди маъдани сурмаро оғоз кардааст ва сокинон деҳаҳо ҳамчунин 16 километр роҳ қумпӯш карда шудааст. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь