Модари этнографи рус Святослав Каверин, ки беш аз як моҳ пеш дар Афғонистон боздошт шудаааст, буд, ба раҳбари Тотористон Рустам Миннихонов муроҷиат карда, хоҳиш кард, ки ба озод кардани писараш мусоидат кунад. Дар ин бора Шабакаи “Телеграмм База” хабар медиҳад.
Сабаби муроҷиат Ба сарвари Тотористон муроҷиат карданашро Каверина ба он асоснок кард, ки ин ҷумҳурӣ аввалин субъекти Руссия буд, ки бо мақомоти нави Афғонистон, – ҳаракати Толибон(мамнуъ дар Тоҷикистон) робита барқарор кардааст.
Каверин 19 июл дар вилояти Қундуз бо гумони қочоқи ҷавоҳирот, ки ӯ чун туҳфа мебурд, боздошт шуд. Тибқи иттилои маркази тиҷоратии Русия дар Афғонистон, сабаби боздошт “мушкилоти салоҳияти ҳамроҳон” буд: шояд мақомоти маҳаллӣ онҳое, ки Каверинро ҳамроҳӣ мекарданд, шубҳанок донистанд. Дар айни замон, Толибон боздоштро расман эътироф намекунанд ва ба дипломатҳои Русия изҳор медоранд, ки дар бораи макони будубоши ӯ маълумот надоранд. Мувофиқи маълумоти “Телеграам база” бошад, Каверинро дар боздоштгоҳи муваққатии хориҷиён, дар Кобул нигоҳ медоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь