Оҳанги Миср нисбат ба Исроил вақтҳои охир ба таври назаррас тағйир ефта, савол пайдо мешавадад, ки оё ин далели муқовимати эҳтимолии ду кишвар аст?
Дар ҷаласаи фаврии давлатҳои Арабии Исломӣ дар Доҳа 15 сентябр, ки дар посух ба ҳамлаи Исроил ба роҳбарияти ҲАМОС баргузор шуд, Президенти Миср Абдул Фаттоҳ Сисӣ Исроилро бори аввал аз замони ба кор омаданаш дар соли 2014 “душман” номид.
Ин ташаннуҷи бесобиқа дар посух ба ҳаракатҳои низомии охирини Исроил дар Ғазза ва минтақа ба паймони сулҳи мавҷудаи ду кишвар таҳдид мекунад.
Бахзе расонаҳо ва таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки идомаи ин тамоюл метавонад ба муқовимати эҳтимолии низомӣ оварда расонад.
Чанд рӯз пас аз изҳороти Сиси, артиши Исроил эълон кард, ки беш аз 100 ҳавопаймои бесарнишин, ки баъзеи онҳо мусаллаҳ буданд, аз сарҳади Миср ба Исроил ворид шуданд; ин, тибқи маълумоти баъзе расонаҳои арабӣ, метавонад нақшаи “зарбаи пешгирикунанда” – и Исроилро ба Мисрро нишон диҳад.

Миср ба сӯи Исроил мешӯрад?
Блоки рекламавӣ


