“Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, бунёди 6260 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 5479 ададаш сохта ба истифода дода шудааст”,- гуфт зимни нишасти хабарӣ муовини раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар.

Дар соли 2025 бунёди 1154 иншоот ба нақша гирифта шуда будааст, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1411 адади он сохтаю мавриди истифода қарор дода шудааст. Муовини раиси вилоят афзуд, ки дар шаш моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 42 адад корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 287 ҷойи кории нав бунёд карда шуда, шумораи корхонаҳои саноатии вилоят ба 810 адад расидаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь