Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев омодагии ин ҷумҳурии Осиёи Марказиро барои пайвастан ба ташаббуси байналмилалии “Шӯрои сулҳ” ҳамчун давлати муассис тасдиқ кард. “Ҳамин тавр, раҳбари ӯзбек ба пешниҳоди Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп посух дод”, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти Мирзиёев.

Ин ташаббус ба таҳкими сулҳ ва ҳалли низоъ дар Шарқи Наздик равона шудааст. Тавре ки дар пешниҳоди Трамп таъкид шудааст, таъсиси “Шӯрои сулҳ” ба нақшаи ҳамаҷонибаи қатъи амалиёти ҷангӣ дар Ғазза, ки 29 сентябри соли гузашта эълон шуда буд, асос ёфтааст. Ин санадро роҳбарони ҷаҳонӣ дастгирӣ карданд ва инчунин Шӯрои Амнияти СММ бо нашри қатъномаи 2803 аз 17 ноябри соли 2025 онро тасдиқ кард.
Тибқи изҳороти раиси кохи Сафед, “Шӯрои сулҳ” як сохтори нави байналмилалӣ хоҳад буд, ки барои муттаҳид кардани давлатҳое, ки омодаанд масъулияти ташаккули сулҳу субот ва амнияти дарозмуддатро ба дӯш гиранд, даъват карда мешавад. Мирзиёев пешниҳоди Трампро барои чун кишвари муассиси созмон шудан, қабул карда, аҳамияти ташаббусро қайд кард. Ба гуфтаи ӯ, таъсиси “Шӯро” ҳамчун қадами муҳим дар ҳалли низоъҳои чандинсола дар Ховари Миёна, таъмини сулҳу субот дар минтақаи васеъ арзёбӣ мешавад.
Қаблан хабар дода шуд, ки пешниҳоди раҳбари Амрико барои пайвастан ба “Шӯрои сулҳ ” оид ба Ғазза аз ҷониби Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев қабул гардид. Ва тавре ки хадамоти матбуотии Токаев менависад, раҳбари ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ба пешниҳоди Трамп розӣ шуд.
Дар Маскав низ тасдиқ карданд, ки чунин даъватномаро ИМА ба роҳбари Руссия Владимир Путин низ фиристодааст. Аммо ба фарқ аз Мирзиёев ва Токаев, президенти Руссия то ҳол ҷузъиёти ин пешниҳодро меомӯзад. Трамп таъсиси “Шӯрои сулҳ” – ро 16 январи Соли 2026 эълон кард. Дар ҳамон вақт маълум шуд, ки ба кумитаи иҷроияи сохтор Котиби давлатии ИМА Марко Рубио, фиристодаи махсуси раиси кохи Сафед Стив Уиткофф, домоди раҳбари Амрико, сармоягузор Ҷарред Кушнер, сарвазири собиқи Бритониё Тони Блэр, раиси бонки Ҷаҳонӣ Ажай Банга ва муовини мушовири амнияти миллии Амрико Роберт Габриэл дохил мешаванд.
Агентии Bloomberg, ки бо лоиҳаи оинномаи созмон шинос шуд, хабар дод, ки Трамп раиси шӯро хоҳад шуд, ӯ танҳо қарор хоҳад дод, ки киро ба узвият даъват кунанд. Қарорҳо бо аксарияти овозҳо қабул карда мешаванд, аммо тасдиқи ниҳоӣ ба раис вогузор карда мешавад.
Лоиҳа инчунин нишон медиҳад, ки мӯҳлати узвият дар шӯро на бештар аз се сол хоҳад буд. Давлатҳое, ки мехоҳанд дар созмон ҷойгоҳи доимӣ пайдо кунанд, бояд ба он на камтар аз як миллиард доллар саҳм гузоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь