Аз ҷониби соҳибкорони ватании минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар соли 2025 ба маблағи 110 млн. 704 ҳазору 213 сомонӣ роҳу пулҳои мошингузар таъмиру бозсозӣ шуданд.
Сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар Тағайбекзода Исмон ба “Фараҳ” гуфт, ки таъмири роҳ асфалтпӯш 190, 693 км ба маблағи 101 млн 659 ҳазору 863 сомонӣ, таъмири роҳи шағалпӯш 205,500 км ба маблағи 5 млн 462 ҳазор 800 сомонӣ, таъмири ҷорӣ – 8 км, ба маблағи 127 ҳазор сомонӣ, таъмири пул 31 адад ба маблағи 3 млн 062 ҳазор 400 сомонӣ, таъмири қубур – 2 адад ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ ва чароғонкунӣ 16 адад ба маблағи 38 ҳазор сомонӣ анҷом дода шудааст.
Ӯ иттилоъ дод, ки дар таъмири роҳу пулҳо саҳми соҳибкорони ноҳияҳои Ҷайҳун 8 млн. 659 ҳазору 700 сомонӣ, Дустӣ 1 млн. 165 ҳазор сомонӣ, Вахш -8 млн. 591 ҳазор 500 сомонӣ, Левакант -667 ҳазору 400 сомонӣ, Қубодиён 18 млн. 728 ҳазор 583сомонӣ, А.Ҷомӣ 2 млн. 521 ҳазору 600 сомонӣ, Н. Хусрав 2 млн. 112 ҳазор сомонӣ, Хуросон 1 млн. 539 ҳазор 400 сомонӣ, Кушониён 8 млн. 630 ҳазору 630 сомонӣ, Ёвон – 27 млн. 296 ҳазору 700 сомонӣ, Панҷ 1 млн. 315 ҳазору 200 сомонӣ, Шаҳритус 4 млн. 383 ҳазору 500 сомонӣ ва Балхӣ – 2 млн 393 ҳазор сомонӣ маблағ сарф карда шудааст.
Дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бошад соли гузашта 2750 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 159 адад пулу қубурҳо бо маблағи умумии 424 миллион сомонӣ таъмир гардида, ҳаҷми корҳои иҷрошуда нисбат ба соли 2024-ум 166 фоизро ташкил медиҳад.

Минтақаи Бохтар: Соҳибкорон фаъоланд
Блоки рекламавӣ


