Нисбати 30 кормнадони ФҶСК “ШТБ” дар шаҳри Бохтар парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст, дар ин бора Сайвалӣ Миров, иҷрокунандаи роҳбари тиҷоратии ФҶСК “ШТБ” дар шаҳри Бохтар, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ афзуд, ки нисбати 13 нафар парвандаҳо ба итмом расида, ба суд фиристода шуда, нисбати 17 нафари дигар тафтишот идома дорад. Масъулони ин ниҳод омили боздошту кушодани парвандаи ҷиноятӣ нисбати 30 кормандро изованависӣ арзёбӣ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар 6 моҳи соли ҷори аз ҷониби кормандони ФҶСК “ШТБ” дар шаҳри Бохтар нибати  1602 муштарӣ санадҳои қоидавайронкунии истифодаи қуаваи барқ ба миқдори 35 миллиону 763 ҳазор кв\соат ба маблағи 6 миллиону 375 ҳазор сомонӣ ошкор карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь