Ба хотири пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ аз ҷониби Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон давоми 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 675 аломати роҳ насб карда шудааст.
Исмон Тагойбекзода, сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”- и минтақаи Бохтар гуфт, ки тибқи маълумоти дастрасгардида, ҷамъбаст ва таҳлили нишондиҳандаҳои садама дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар 137 садамаи роҳу нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷаи онҳо 56 нафар ҷон дода, 108 нафари дигар маҷруҳ гардидаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024-ум 41 садама кам мебошад.
Ӯ иттилоъ, дод ки баҳри пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ аз ҷониби идораҳои зертобеъи муассиса дар канори роҳҳо 580 аломати роҳ насб карда шудааст, ки насби аломатҳои роҳ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 212 аломати роҳ кам мебошад.
Номбурда илова кард, ки насби аломатҳои роҳ аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён 44-адад, Панҷ 40-адад, Қубодиён 47 адад, Ҷомӣ 64-адад, Балхӣ 90-адад, Вахш-24 адад, Левакант 20-адад, Носири Хусрав-22 адад, Ҷайҳун-64 адад, Ёвон-54 адад, Дӯстӣ-52 адад, Хуросон-35-адад ва ноҳияи Шаҳритус-30 адад ба роҳ монда шудааст.
Исмон Тагойбекзода қайд кард, ки аз ҳисоби маблағҳои Ҳукуматҳои маҳаллӣ 89 адад аломатҳои роҳ дар 9 моҳи соли ҷорӣ насб карда шудааст, ки дар пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ саҳми калон доранд.
Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь