16 декабр дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби миёнаи № 35 – и шаҳри Минск ба номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Домулло Азизов» маросими тантанавии ифтитоҳи деворнигора бахшида ба Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Домулло Азизов баргузор гардид. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар додаанд.
Дар чорабинӣ намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, мақомоти маҳаллии шаҳр, роҳбарият, омӯзгорон ва хонандагони ин муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.
Зимни маросим намояндагони ҷонибҳо дар бораи саҳми фарзандони тоҷик, аз ҷумла Домулло Азизов дар ғалабаи Ҷанги дуюми ҷаҳон ва нақши онҳо дар таърихи озодкунии Ҷумҳурии Беларус сухан гуфтанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь