30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи фархундапай иштирок ва суханронӣ карданд. Ин тантанаи наврӯзӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо ҳузури сокинони сершумор ва меҳмонон баргузор гардид.
Таъкид шуд, ки Наврӯз барои мардуми тоҷик на танҳо ҷашни фарорасии баҳор, балки ойинаи таърихи куҳан, таҷассумгари ҳувияти миллӣ ва рамзи пайванди наслҳо мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки миллати куҳанбунёди мо дар тӯли таърихи бостонии худ борҳо ба мушкилоти сарнавиштсоз рӯ ба рӯ гардидааст, вале ҳар дафъа ба шарофати ақлу хирад ва ойину арзишҳои зиндагисози худ, аз ҷумла Наврӯз, аз ин мушкилот раҳоӣ ёфтааст.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки танҳо дар панҷ соли охир дар ноҳия 38 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,2 баробар афзоиш ёфтааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат, ба кулли сокинони сарбаланди ноҳияи Мастчоҳ барои саҳми арзандаашон дар ободониву пешрафти ин гӯшаи Ватани азизамон изҳори сипос намуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь