Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе хабар дод, ки як писари хурдсолро аз тарбияи модараш берун карда, ба Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ супорид.
Рӯзи 21-уми ноябр милисаи шаҳр дар саҳифааш дар Фейсбук хабар додааст, ки писари ноболиғи сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба оворагардӣ машғул буд.
Ба гуфтаи ин сарчашма, зан “писари хурдсоли худро ба савдо дар маконҳои номуайяншуда ва оворагардӣ водор намуда, аз таҳсилоти ибтидоӣ дур сохт.”
Раёсати милисияи шаҳри Душанбе гуфтааст, ки бар асоси моддаи 73-и Кодекси оила бемаҳрум сохтан аз ҳаққи модарӣ фарзанди ин зан ба таҳсил ҷалб шуд.
Ин модда нисбат ба падару модароне татбиқ мешавад, ки бо сабаби беморӣ, нодорӣ, гирифторӣ ба бемории рӯҳӣ ё майзадагӣ имкони тарбияи фарзандро надоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь