Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 25 декабр бо нашри баёнияе гуфтааст, бародарон, сокинони 35,38 ва 40-солаи Шаҳритус ҳангоми ҷамъоварии ҳезум ва дар ҳолати сархушӣ бо ҳам ҷанҷол карда, дар натиҷа ду нафар бародари калониро латукуб ва қатл мекунанд.
Ба иттилои вазорат, гумонбарон пайкари бародари худро аввал дар ҷойи ҳодиса зери хок карда, қасд доштанд шабона пинҳонӣ ҷасадро оварда дар ҳавлии худ гӯронанд.
Вале ҳарду боздошт шудаанд ва нисбати онҳо бар асоси моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (куштор бо бераҳмии махсус), парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Қонун барои ин амал аз 15 то 25 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ин бори аввал нест, ки ҷанҷолҳои хонаводагӣ дар кишвар бо фоҷеа ва ҳодисаҳои мудҳиш анҷом меёбад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь