Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода сармураббии нави дастаи футболи “Хуҷанд”-ро ба ҳузур пазируфт.
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия Милан Миланович ба ҳайси сармураббии нави даста таъин гардид. Ӯ соҳиби муҷаввизи баландтарин дараҷаи мураббигӣ — “UEFA Pro” буда, дар кишварҳои Сербия, Руминия ва Қазоқистон фаъолият намудааст.
Дар мулоқот масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи бозии даста, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои варзишӣ, ҷалби бозигарони ботаҷриба ва тарбияи футболбозони ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раиси вилоят ба сармураббии нав барори кор хоста, ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани даста ва таъмини иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ супоришҳои мушаххас дод.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷалби мутахассиси хориҷии дорои таҷрибаи ғанӣ ба беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои дастаи футболи “Хуҷанд” ва рушди минбаъдаи футбол дар вилояти Суғд мусоидат хоҳад кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь