Миҷгона Самадова, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон ҷараён дорад, медали биринҷӣ гирифт.
Миҷгона Самадоваи 27-сола, ки дар марҳилаи чорякфинал дар вазни то 57 кило миёни занон ба намояндаи Муғулистон Номин-Эрдене Тугҷаргал бо ҳисоби 5:0 ғалаба карда буд, дар нифинал бо Пунрави Руэнрос аз Тайланд қувва озмуд. Руэнроси 28-сола дорандаи медали нуқра ва биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон аст. Дар қаҳрамонии Осиё ва Бозиҳои осиёӣ медали тило гирифта буд.
Дар ин зӯрозмоӣ Миҷгона бо қарори доварон бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуда, соҳиби медали биринҷӣ шуд. Ин дуюмин медали Самадова дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь