Муштзанбонуи тоҷик Миҷгона Самадова дар мусобиқаи касбии IBA Pro 14 дар шаҳри Москва бар намояндаи Русия Дария Абрамова пирӯз шуд. Ин дуюмин пирӯзӣ барои Миҷгона Самадова дар саҳнаи касбӣ ба ҳисоб меравад.
Муҳориба аз 6 раунд иборат буд ва дар ҷараёни он ҳар ду муштзан маҳорати хуб нишон доданд. Бо вуҷуди рақобати шадид, дар поёни вохӯрӣ доварон бо қарори якдилона ғалабаро ба муштзани тоҷик — Миҷгона Самадова супориданд.
Ин натиҷа оғози муваффақонаи фаъолияти касбии Самадова арзёбӣ шуда, метавонад қадами муҳиме дар идомаи корномаи варзишии ӯ гардад.
Блоки рекламавӣ



