Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ ибрози омодагӣ намуд. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба дурнамои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар меҳвари мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо ноиби президент — роҳбар ва масъули самти зеҳни сунъии Корпоратсияи «Microsoft» Наташа Крэмптон қарор гирифтанд, иттилоъ медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мулоқот дар доираи Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» дар Ҳиндустон баргузор шуд. Шералӣ Кабир иброз намуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ қабул гардид. Дар ин замина ҳамкорӣ бо корпоратсияи «Microsoft» барои таҳкими иқтидори миллӣ дар соҳаи технологияҳои нав ва зеҳни сунъӣ нақши калидӣ дорад.
Дар мулоқот инчунин масъалаҳои татбиқи инфрасохтори абрии гипермасштабшаванда ва таъсиси марказҳои маълумотӣ барои ҳисоббарориҳои зеҳни сунъӣ дар асоси платформаи «Azure» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар доираи татбиқи принсипҳои зеҳни сунъии масъул дар лоиҳаи махсуси «Area AI» ва амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ ва омӯзишӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ карда шуданд.
Наташа Крэмптон омодагии корпоратсияи «Microsoft»-ро барои густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушду татбиқи зеҳни сунъӣ иброз намуда, таъкид кард, ки ин ҳамкорӣ ба таҳкими имконияти рақамии мамлакат мусоидат менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь