Шоҳбонуи Амрико изҳор дошт, ки Владимир Путин ба номаи ӯ посух додааст. Бонуи аввали Амрико гуфта аст, ки вай бо Президенти Руссия дар бораи бозгардонидани кӯдакони украинӣ “шабакаи кушоди коммуникатсионӣ” дорад.
“Намояндаи ман мустақиман бо наздикони Путин кор мекунад, то кӯдакон бо оилаҳои худ дар Руссия ва Украина бехатар пайваст шаванд.”
Хонуми Трамп афзуд, ки дар давоми як шабонарӯзи гузашта ба шарофати талошҳои Маскав ва Вашингтон ҳашт кӯдак ба ватанашон баргаштаанд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз ҳамоиши Руссия ва Амрико дар Аляска, Шабакаи телевизионии Fox News хабар дода буд, ки ҳангоми гуфтушунидҳо Доналд Трамп ба Владимир Путин номаи хонуми аввалашро додааст. Дар нома гуфта мешавад, ки ҳар як кӯдак дар ҷаҳон орзуи “муҳаббат, имкониятҳо ва амният” – ро дорад.

Мелания Трамп: Путин ба номаи ман посух дод
Блоки рекламавӣ


