Оҷонсии бо кортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат ва шуӯли аҳолии ҶТ курси ройгони омӯзиши забони олмониро барои кормандони соҳаи тиб, ки қасди кор дар Олмонро доранд, эълон кардааст.
Дар ин бора ин ниҳод ба рӯзноманигорон хабар дода, гуфтааст, ки давраи омӯзишӣ дар бинои хобгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур баргузор мешавад.
Талаби асосӣ чунин аст:
– Доштани дипломи Коллеҷи тиббӣ бо ихтисоси “Тибби умумӣ” ё “ҳамшираи тиб”;
– Синну соли хоҳишмандон то 45-сола.
Ба гуфтаи манбаъ, чун кор дар Олмон нигоҳубини калонсолону барҷомондагон аст, корфармо мехоҳад танҳо хатмкардаҳои коллеҷҳои тиббӣ ба он ҷалб шаванд.
Хоҳишмандон барои сабти ном ба суроға ва рақамҳои зерин метавонанд муроҷиат кунанд:
Шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 108.

Мехоҳӣ Олмон равӣ? Аввал забон омӯз!
Блоки рекламавӣ


