Панҷуми октябри соли равон гурӯҳи меҳмонон аз Ҷумҳурии Туркия бо сафари фарҳангиву ошноӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварданд. Ин сафар бо мақсади шиносоӣ бо ҷойҳои таърихиву фарҳангии марбут ба номи шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ анҷом дода шуда буд.
Меҳмононро директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия Кароматулло Садиров истиқбол гирифт. Ӯ зимни суҳбат бо меҳмонон бо қироати порчаҳои шеърӣ ва нақлу ривоятҳо аз ҳаёт, осор ва андешаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ сухан ронд ва нақши ин шахсияти бузургро дар таҳаввули адабиёт, ирфон ва фарҳанги ҷаҳонӣ барҷаста арзёбӣ кард.
Нахуст меҳмонон ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба шахсияти Мавлоно дар Мақбараи рамзии ӯ ҳузур ёфта, фотиҳа хонданд. Онҳо марқади рамзиро зиёрат намуда, эҳсоси самимонаи худро нисбат ба ин абармарди фарҳанги ҷаҳонӣ баён карданд.
Баъдан меҳмонон аз «Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ» боздид ба амал оварда, бо таърихи бойи зиндагӣ ва осори пурғановати ин нобиғаи Шарқ аз наздик шинос шуданд.
Тавре зикр гардид, Маҷмааи рамзии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ рӯзи 21 марти соли 2022 ҳангоми сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба истифода дода шуда буд.
Сафари меҳмонони турк ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ далели робитаҳои дӯстона ва фарҳангии миёни ду миллат буда, дар таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия нақши муассир хоҳад дошт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь