Таэквандочии тоҷик Баҳодур Абдуҷаъфарӣ дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо», ки аз 6 то 8 март дар дар пойтахти Беларус — шаҳри Минск баргузор гардид, дар вазни 59 кг бар 5 ҳариф дастболо шуд ва ҷойи якуму медали тиллои мусобиқаро сазовор шудд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ додаанд.
Дар мусобиқа Баҳодур Абдуҷаъфарӣ панҷ бозӣ карда, дар ҳар яки он бар рақибонаш пирӯз омад.
Баҳодур Абдуҷафарӣ дастпарвари Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии ба номи Абдуманон Зокиров»- и шаҳри Ҳисор ва узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таэквон-до ВТ (World Taekwondo) мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь