Паҳлавони тоҷик Обид Ҷебов дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо Qingdao Grand Prix 2025, ки 26-уми сентябр дар шаҳри Тсиндаои Чин оғоз ёфт, медали нуқраро соҳиб шуд.
Обид Ҷебов дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Нурмуҳаммад Ботабой аз Қазоқистон ғалаба карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Ҷебов дар даври ниманиҳоӣ Чанйонг Кимро аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст дода, ба финал баромад. Аммо паҳлавони 27-солаи тоҷик дар даври ниҳоӣ аз гуштигири 31-солаи муғул Басхуу Йондонперенлеи шикаст хӯрд.
Ҷебов бори сеюм аст, ки аз паҳлавони муғул шикаст мехӯрад. Медали нуқраи Обид Ҷебов аввалин ҷоизаи Тоҷикистон дар Qingdao Grand Prix 2025 мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь