Дар шаҳри Абузабии Аморот мусобиқаи байналмилалии ҷудо поён ёфт.
Ин рақобатҳо муддати ду рӯз давом кард.Ҷудокорони тоҷик дар ин руйдод ҳунарнамоии арзанда нишон доданд. Дар нахустин рӯзи мусобиқа байни наврасони то 18 сола Қутбиддин Лоиқов дар вазни -60 кг ба гирифтани медали тиллоро соҳиб шуд. .Муҳаммадрофеъ Ҳабибов дар вазни -66 кг нишони биринҷиро ба даст овард. Бобоҷон Шаропов медали биринҷии вазни -73 кг -ро ба гардан овехт .Рошид Неъматов дар вазни -81 кг ва Абубакр Абдуҷалилзода дар вазни 90 кг сазовори медали нуқра гардиданд.
Дар рӯзи дуввум паҳлавонони мо дар байни калонсолон баромад карданд ва беҳтарин натиҷаро Муҳаммадрофеъ Ҳабибов ба даст овард .Ӯ дар вазни 66 кг бар ҳама ҳарифонаш пирӯз шуд ва мақоми аввалро гирифт . Бобоҷон Шаропов дар -73 кг медали нуқра, Абубакр Абдуҷалилзода дар -90 кг нишони биринҷи ва Ёқубҷон Назиров дар вазни -100 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь