Дар толори хурди “Шарқи озод” бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода чорабинӣ доир гардид.. Абдулло Раҳмонзода сараввал ҷомеаи журналистии кишварро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуд.
Сипас эшон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи мукофотонии журналистон қироат кард. Барои хидматҳои арзанда бо пешниҳоди Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ду нафар узви Иттифоқ – сармуҳаррири нашрияи “Народная газета” Маҳбуба Камолова ва собиқадори соҳаи матбуот аз ноҳияи Ашт Юнусалӣ Сиддиқов бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардиданд. Ҳамчунин, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, корманди АМИТ “Ховар” Лайло Қосимова ба гирифтани Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафеб шуд.
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҷомеаи журналистии кишвар самимона миннатдорӣ изҳор мекунад ва барои тарғибу ташвиқи дастовардҳои ҷумҳурии мустақиламон тамоми неруи эҷодии худро сафарбар месозад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь