Созмони ҷамъиятии “Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояи қонун” барандагони ҷоизаҳои худро дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои соли 2025 эълон кард.
Мазҳаб Ҷумъа, имрӯз муҳаррир ва рӯзноманигори хадамоти тоҷикистони агентии “Осие-Плюс” дар номинатсияи “барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар журналистика”ғолиб дониста шуд.
Ҷоиза 9 декабр ба муносибати рӯзи Байналмилалии ҳуқуқи инсон (10 декабр) супорида шуд.
Мазҳаб Ҷумъа таҷрибаи 15-солаи журналистика дорад. Муддати беш аз ҳашт сол авввал ба сифати хабарнигор, котиби масъули нашрияи “Самак” – и Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, баъдан дар нашрияи “Боҷу хироҷ” – муассисаш Кумитаи андози ҶТ ва аз соли 2021 дар “Азия-Плюс”кор мекунад. Моҳи декабри соли гузашта ӯ муҳаррир таъин шуд.
“Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқи инсон дар соли 2025 “Таҳмина Ҳайдарова, ҳуқуқшинос ва роҳбари Созмони”Шабакаи занони гирифтори ВНМО” эътироф шуд
Дар номинатсияи “барои саҳми махсуси ташкилоти ҷамъиятӣ дар пешбурди ҳуқуқи инсон” ташкилоти ҷамъиятии “Корвони Умед” ғолиб эълон карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь