Аз ҳаждаҳуми октябр дар Душанбе мавсими гармкунии хонаҳо тавассути шаабакаҳои гармидиҳӣ оғоз шуд.
Мақомот аз сокинон хостанд, барои бехатарӣ ва кори беҳтари бухорӣ ё батареяҳои гармидиҳӣ дар пойтахт, таҷҳизоти гармидиҳии хонаҳои худро санҷанд ва барои қабули гармидиҳӣ омода бошанд.
Имсол дар шаҳри Душанбе 100 иншооти дигар ба низоми гармидиҳӣ пайваст мешаванд.
Аз ҷумла, зимистони имсол сокинони 79 бино дар ноҳияи Фирдавсӣ 31 иншоот дар ноҳияи Сино ва 21 бино дар ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ бори аввал ба низоми гармидиҳӣ пайваст мегарданд. Солҳои гузашта сокинон аксаран аз кори шабакаҳои гармидиҳӣ ва нокофӣ буданӣ гармӣ дар хонаҳояшон шикоят мекарданд. Вазорати молия иттилоъ дод, ки бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои навсозӣ кардани низоми гармидиҳӣ дар Душанбе, 6 миллион евро медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь