Модар дар баробари тавлиду тарбияи фарзанд, боз бисёр вазифаҳоро дар дӯш дорад. Меъёри мазкури демократӣ ва муносибатҳои бозоргони нақши ҳалкунандаро дар таъмини ҳуқуққҳои зан мусоидат намуда ба занҳои тоҷик имконият барои озодона интихоб намудани касб ва инчунин кору фаъолияташон дар самтҳои гуногун мусоидат мекунад. Имрӯзҳо мавқеи зан– модар дар ҷомеаи мо нақши муҳимро мебозад. Занҳои ҳозира замон озоданду касби дӯстдоштаи худро интихоб намуда кор ва фаъолият карда истодаанд.
Хушбахтона аз оғози соҳибистиқлолии кишвар бо талошу кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз вазифаҳои аввалин дараҷае Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуаи тадбирҳои мушахасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҳайёти ҷомеа таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатии ҳалли масъалаҳои демографӣ ташаккули тарзи ҳайёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатноки пешбарии онҳо барои роҳбарикунада диққати ҷиддӣ дида амалӣ карда истодаанд.
Имрӯзҳо мо дар ҳаммаи касбҳо коргар занро дида метавонем дар корхонаву бозорҳову кӯчаҳо мебинем фахр мекунем, ки чи тавр занҳо озоду хушҳолона аз уҳдаи вазифаву корҳои ишғол намудашон сарбаландона баромада истодаанд ва албатта ин боиси ифтихор аст. Тариқи телевизион мебинем чи тавр як зани варзишгари тоҷик дар сатҳи ҷаҳони баромада ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Инчунин занҳои тоҷик бо мукофотҳои илми сарфароз мешаванд.
Назрибекова Барно Олимовна,
муаллимаи забону адабиёти рус,
намояндаи ХИБЗ дар гимназияи Нуриддин



