04.12.2025. Дар шаҳри Москва Маросими ҷоизасупории Озмуни байналмилалии “Санъати китоб” -и ИДМ бо суханронии Михаил ШВИДКОЙ, Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Руссия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ оғоз гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озмуни мазкур, дар номинаҳои мухталиф бо 9 ҷоизаи байналмилалӣ қадрдонӣ шуд.
Боиси ифтихор аст, ки китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” дар номинаи “Гуфтугуи тамаддунҳо” сазовори ҷои аввал гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Озмуни байналмилалӣ, ки бо ширкати ҳафт кишвари аъзои ИДМ ва беш аз 60 нашриёт ҷараён гирифт, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар намояндагӣ кард.
Блоки рекламавӣ



