Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён дар суханронии худ изҳор дошт, ки “мо ба силоҳи ҳастаӣ талош намекунем” ва “ба ҳар гуна санҷиш омодаем”.
Ҳафтаи гузашта дар Уммон Эрон барномаи ҳастаии худро бо Амрико баррасӣ кард.
“Девори баланди нобоварӣ, ки Аврупо ва ИМА сохтаанд, имкон намедиҳад, ки ин гуфтушунидҳо ба анҷом расанд. Эрон аз ҳад зиёд муқовимат намекунад.»
Вай афзуд, ” бо тамоми қувва ба хотири сулҳу оромӣ дар минтақа мо бо кишварҳои ҳамсоя муколама дорем.»
Дар ҳамон лаҳзаҳое, ки душман кӯшиш мекард, ки бар зидди мо сухан гӯяд е таҷовузро ба вуҷуд орад, кишварҳои ҳамсоя ва исломӣ ба мо муроҷиат карданд.»
Президенти Эрон ба кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Туркия, Озарбойҷон, Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Миср ташаккур гуфт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь