20-уми сентябри соли 2025 дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ, садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.
Автомашинаи сабукрави тамғаи “Korando” рақами қайди давлатиаш 09-70 ОЗ 02TJ, ки ба ронанда Ниёзов Мирзораҷаб Рафиевич, соли таваллудаш 1977, истиқоматкунандаи деҳаи Ронҷ ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Мастчоҳи Куҳӣ тааллуқ дошт, бо ҳамроҳии 5 нафар мусофираш, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Деваштич ба самти ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ аз уҳдаи идораи мошин набаромада, аз роҳ берун шуда, ба садама дучор омадааст.
Дар ин ҳодиса як зани 40-сола, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ба ҳалокат расида, ронанда ва 4 ҳамсафари дигари ӯ бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд.
“Сабаби садама тафтиш мешавад” – хабар доданд аз мақомот.

Мастчоҳи Кӯҳӣ: Як нафар ҳалок ва 5 тан ҷароҳат бардоштанд
Блоки рекламавӣ


