Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Бинои муассиса бо иқдоми сокинони 4 деҳаи деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ – деҳаҳои Табушн, Сабағ, Валиғонд ва Истошон, саҳми соҳибкорону ашхоси саховатпеша тавассути ҳашари умумӣ бо лоиҳаи мутобиқ ба талаботи муосир бунёд гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати гарму самимӣ бо омӯзгорону хонандагон, масъулон ва падару модарон иқдоми сокинони ин деҳоти ноҳияи Мастчоҳро иқдоми шоистаю ватандӯстона, ғамхорӣ ба фарзандон ва намунаи ибрат номиданд.
Бинои муассиса дорои 15 синфхона, кабинетҳои фаннӣ, китобхона ва толору майдони варзишӣ барои таҳсили 800 нафар хонанда дар ду баст мебошад.
Дар бинои нави муассиса 400 хонанда, фарзандони сокинони деҳаҳои номбурда ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Ба муассисаи нав мебелу мизу курсӣ, тахтаҳои синфӣ, маҷмӯи компютер бо принтерҳо, таҷҳизоту лавозимот ва аёнияти кабинетҳои фаннӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд датрасу таъмин гардид.
Дар саҳни муассисаи нав марказ ва майдони дарсҳои омодагии ҳарбӣ тасис дода шудааст.

Мастчоҳ: Сокинони чор деҳа мактаби нав бунёд карданд
Блоки рекламавӣ


