17 ноябр раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода “Муждаи зафар” – ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода расонид.
Тибқи нақшаи тасдиқгардида соли равон заркорони ноҳияи Мастчоҳ дар масоҳати 10 ҳазору 160 гектар пахта кишт намуда, ҳосили фаровон рӯёниданд.
Меҳнаткашони ноҳия аз аввали мавсим фаъолнокӣ нишон дода, аз пешсафони маъракаи пахтачинӣ буданд. Бо меҳнати шабонарӯзии хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ва саҳмгузории ҳашарчиён имкон даст дод, ки нақшаи истеҳсолӣ иҷро карда шавад.
Заркорони ноҳияи Мастчоҳ 27 ҳазору 397 тонна пахта ҷамъоварӣ карданд, ки ба 100,1 фоиз баробар аст. Ҳаҷми пахтаи дар ноҳия истеҳсолшуда дар навоҳии пахтакори ҷумҳурӣ зиёдтарин ба ҳисоб меравад.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода пахтакорони ноҳияро барои иҷрои нақша табрик гуфта, қайд намуд, ки бо меҳнати софдилона метавон ҳамагуна нақшаи гузошташударо иҷро намуд.
Ёдовар мешавем, ки қабл аз ин ноҳияҳои Спитамен ва Ашт низ нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуда буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь