Як мақомдори Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Масчоҳ беш аз 137 ҳазор сомониро дар шакли пора гирифтааст.

Оҷнсии зидди фасод як мақомдори ВКД-ро дар ноҳияи Масчоҳ бо иттиҳоми порахӯрӣ дастгир кард.

Дар ин бора, маркази матбуотии Оҷонсии зидди фасод дар вилоят хабар додааст.

Ба иттилои ин ниҳод, Нурматов Ҷ.Р сардори шуъбати тафтишотии ноҳия барои боз накардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи як шаҳрванд, ки зиддаш ариза дар пайи нақзи додугирифти молӣ ворид шуда буд, 40 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

Ҳамзамон бо ин усул ӯ дар се ҳолати дигар бо муфаттишони шуъбача 137 ҳазор сомониро ба даст овардааст.

Ҳамакнун алайҳи ӯ ва шариконаш бо моддаҳои 319 қисми 3 ва 314 қисми 1 КҶ парванда боз шуда ва дар баррасӣ қарор дорад.

Дар маҷмуъ, Оҷонсии мубориза алайҳи фасод дар вилояти Суғд давоми шаш моҳ, 238 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ доштаро ошкор кардааст.

Аз ҳисоби ошкоршавии 238 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта дар вилояти Суғд ҳудуди 8 милион сомонӣ маблағи зарар ба фоидаи давлат руёнида шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь